Президент ба ҷои Шералӣ Кабир як ҷавони 33 – соларо таъин кард: ӯ кист?

Президенти Тоҷикистон бо як фармон раиси нави Шӯрои директорони "Талко", бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистонро таъин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Игор Сатторов, мудири Департаменти иттилоот и PR – и ширкати "Талко", ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Наҷибулло Раҷабов, собиқ муовини аввали раиси Шӯрои директорони ширкат, ба ҳамин қарибӣ раёсати ин шӯроро ба зимма гирифт.
"Ин фармон чанд рӯзи пеш ба имзо расид ва раиси нав ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст", - гуфт Игор Сатторов.
Наҷибулло Раҷабов соли 1987 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Наҷибулло Раҷабов - раиси Шӯрои директорони "Талко"
Соли 1992 дар синни 5 – солагӣ ба мактаби №53, яке аз макотиби беҳтарини шаҳр, ки баъдтар ба литсей – гимназия табдил ёфт, рафт ва соли 2002 онро ба анҷом расонд.
Соли 2007 факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисоди ҷаҳонӣ бо "дипломи сурх" хатм кардааст.
Наҷибулло Раҷабов аз июн то октябри соли 2007 мутахассиси идораи активҳо ва пассивҳои Бонки рушди Тоҷикистон буд. Сипас барои кор ба гуруҳи ширкатҳои "Талко" омада, то январи соли 2019 дар вазифаҳои мутахассис, менеҷер, мудири шуъба ва мудири Департмаенти сармоягузориҳо кор кард.
Қадам ба 50: Шералӣ Кабир, вазири навтаъйин зодрӯзашро таҷлил мекунад
Моҳи январи соли 2019 муовини аввали мудири кулл ва аз феврали соли 2021 раиси Шӯрои директорони и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Талко" таъин шуд.
Таҷрибаи 14 – солаи кор дар соҳаи алюминиумро дорад. Соҳиби се фарзанд аст.
Шералӣ Кабир, раиси қаблии Шӯрои директорони "Талко" 3 ноябри соли гузашта вазири саноат ва технологияҳои нав таъин шуд. Ӯ аз соли 2015 дар ин симмат ифои вазифа кард.
"Талко" – Ширкати алюминиуми тоҷик, як ширкати пешгоми соҳаи алюминиум дар Осиёи Марказӣ ва яке аз бузургтарин ширкати саноатии Тоҷикистон аст, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, бо истеҳсоли алюминиум шуҳрат дошт.
Ин ширкат тайи даҳ соли ахир ҳудуди даҳ зерширкат, аз ҷумла "Алюминсохтмон", "Талко кабел", "Талко флюарит", "Талко Кемикал", "Талко Ресурс", "Талко Голд" ва ғайраро рӯи кор оварда, ба як гурӯҳи ширкатҳо табдил ёфт.
"Талко" 100% моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва таъини раҳбаронаш низ аз салоҳиятҳои президенти Тоҷикистон аст.