ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Аз шаҳрванди муттаҳами Тоҷикистон Шарифов ном бурда мешавад, ки ба иттилои додситонии Русия дар олуда кардани занон бо вируси норасоии масунияти бадан даст дорад.
Расонаҳои русӣ аз қавли Додситонии кулли Русия хабар додаанд, ки Шарифов ҳангоми иқоматаш дар шаҳри Самара дидаю дониста, ки вируси норасоии масунияти бадан дорад, ҳамзисташро низ сироят кардааст.
Инчунин таъкид шудааст, ки ин мард дар Тоҷикистон низ ду нафар занро олудаи вируси норасоии масунияти бадан кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Тоҷикистон бо қабули тағйирот дар қонун ҷазо барои қасдан олуда кардани шаҳрвандон бо вируси норасоии масунияти баданро сангин карданд.
Феълан барои дидаю дониста олуда кардани атрофиён бо ин беморӣ гунаҳкорон аз 8 то 10 сол равонаи зиндон мешаванд.
Қаблан дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин аъмол аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ шуда буд.