Раиси Созмони тоҷикон мушовири президенти Қирғизистон таъин шуд

Пештар Равшан Собиров муовини нахуствазири Қирғизистон - Содир Ҷабборов дар умури рушди минтақавӣ ва инфрасохтор буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, мушовири президенти ин кишвар таъйин шуд.
Дар ин бора рӯзи 5-уми феврал фармони раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, нашр гардид, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шуд
Пештар Равшан Собиров муовини нахуствазири Қирғизистон дар умури рушди минтақавӣ ва инфрасохтор буд.
Равшанбек Собиров 51-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба ӯҳда дорад.
Равшан Собиров, ки моҳи декабри соли 2011 вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон таъин гардид, моҳи июли соли 2012 дар робита ба иттиҳомот дар фасодкорӣ муваққатан аз ин мансаб барканор гардид.
Ӯ панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек, Собировро моҳи ноябри соли 2012 "сафед" эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Ӯзбекистон ба як зодаи Тоҷикистон ҷоизаи баландтарини кишварро тақдим кард
Собиров, моҳи марти соли 2014 бар асоси қонуни афв раҳо гардид.