ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Бобозода зимни нишасти матуотӣ хабар дод, ки соли 2020-ум дар ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон 14 ҳодисаи нохуши истеҳсолот ба қайд гирифта шуд.
Ӯ бо таассуф афзуд, ки аз инҳо 6 ҳолати фавт ва 8 ҳолати маҷруҳшавӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон барои ҳолатҳои нохуш дар ҷои кор, ки боиси марг ё ҷароҳати шаҳрвандон мешавад, қонунгузорӣ ҷубронпулӣ муайян кардааст.
Сомонаи “Фараж” аз қавли Ҳамза Бобозода дар ин робита хабар додааст, ки маблағи умумии кӯмакпулии яквақта таъйин ва пардохт шудааст, ки дар маҷмӯъ 294 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки соли 2020, се нафар ҳангоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳалок шуданд. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ, дар маҷмӯъ, соли гузашта дар корхонаҳо ва иншооти мухталифи дар ҳоли сохтмон дар Тоҷикистон 31 садама рух дода, дар пайи он 8 нафар ҳалок ва 33 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Маблағи умумии ҷаримаҳо бинобар риоя накардани талаботи бехатарӣ дар корхонаҳо соли гузашта аз 74 ҳазор доллар гузашт.