ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дуввуми дӯстона, ки 5 феврал дар Дубай баргузор шуд, тими миллии Урдунро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Голи ягонаи бозиро футболбози дастаи "Истиқлол" ва дастаи миллии кишвар – Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонид.
Дар аввалин бозии дӯстона, ки чор рӯз пеш баргузор шуда буд, Урдун бо ҳисоби 2-0 ғолиб шуд.
Ногуфта намонад, ки бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 2-0 ба суди урдуниҳо хотима ёфта буд.
Ёдрас мешавем, ки тими ҷавонони Тоҷикистон дар дуввумин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021" яккачини Молдоваро бо ҳисоби бузург 5 : 1 шикаст дод.