Дар соли 2020 ба бахши сохтмон беш аз 1,1 миллиард доллар сармоягузорӣ равона шуд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон эълон доштааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 млн метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тавре имрӯз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, дар соли 2020 дар Тоҷикистон ҳудуди 1,4 миллион метри мураббаъ манзил сохта ва ба истифода дода шуд.
Ҷангаш накунед: ширкатҳои Бег Сабур дар шаҳри Душанбе ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуданд
Тибқи иттилои манбаъ, соли гузашта барои 13,5 ҳазор нафар хонандагон мактабҳои нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 436 нафар дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо бо 577 кат мавриди истифода қарор гирифтанд.
Роҳи Душанбе-Чаноқ таҷдид мешавад
Гуфта шудааст, соли 2020 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба корҳои сохтмон ҳамагӣ зиёда аз 11,6 миллиард сомонӣ, ки муодили беш аз 1,1 миллиард доллар аст, сармоягузорӣ равона гардид.
Ҳамзамон ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории ташхиси давлатӣ соли гузашта 658 лоиҳа пешниҳод шуд, ки 538 - тои он аз ташхис гузашта, 115 - тои дигар мавриди баррасӣ қарор доранд ва 3 лоиҳа бекор шуда, баррасии 2 лоиҳа муваққатан боздошта шудааст.
Ғуломов аз ҳисобаш мактабу кӯдакистон месозад
Таъкид гардид, ки айни замон таҳияи нақшаҳои генералии 65 шаҳру навоҳии кишвар ба охир расида, бо қарорҳои ҳукумат қабул шудааст.