Ҷангаш накунед: ширкатҳои Бег Сабур дар шаҳри Душанбе ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуданд

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон таъкид дошт, аз чаҳор биное, ки Бег Сабур месозад дар се бинояш хушбахтона санҷиши комиссияи давлатӣ дар рӯзҳои наздик оғоз меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода Маҳмадсаид, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ба наздикӣ аз чаҳор биное, ки ширкати "Комил - 2010" месозад, се бино мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Ширкати сохтмонии "Комил - 2010" ба Сиёвуш Зуҳуров, писари Бег Сабур раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон марбут аст.
Ваъдаи Бег Сабур барои таъмини алоқаи мобилӣ ба як деҳаи дурдасти Бадахшон
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҳамзамон зикр кард, ки иҷозатномаи ширкати "Комил-2010" танҳо пас аз анҷоми биноҳои сохташуда бозпас хонда мешавад.
Муовини Бег Сабур ваъда дод: барои баланд бардоштани суръати интернет чораҳо меандешем
"Мардум пул додаанд. Мо иҷозатномаро мегирем, аммо мардум пас чи кор кунанд. Хонаҳоро супоридан даркор", - гуфт Зувайдзода Маҳмадсаид.
Вай илова кард, ки дар биное, ки Бег Сабур дар назди Зарафшон сохтааст ҳашт сол аст, ки мардум санад надоранд.
Зувайдзода зикр кард, ки пас аз ба истифода додани се биное, ки аз ҷониби ширкати “Комил-2010” сохта шудааст, ҳамаги як иншооти нотамоми ин ширкат, ки дар назди бемористони инфексионӣ қарор дорад, боқӣ мемонад. Вай афзуд, ки мушкили ин бинои чаҳорум ҳам ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзноманигорон хоҳиш кард, Бег Сабурро бисёр ҷанг накунанд.  
“Бисёр ҷангаш накунед, бисёр фаъол шудаст Бег Сабур.  Ҳамин се бинои сохтаашро супорад, сипас аз паси бинои охираш мешавем, ки камбудиҳои зиёде дорад”, - гуфт Зувайдзода.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи меъморӣ қайд кард, ҳамин ки Ширкати "Комил-2010" сохтмони биноҳоро комилан тамом кард, иҷозатномаи ширкат бозхонд мешавад.
Инчунин вай афзуд, ки дар шаҳри Душанбе Ширкати "Комил-2010" ва "Ниагара", ки ба Бег Сабур тааллуқ доранд ба рӯйхати сиёҳ дохил шудаанд. Вай зикр кард, ки дигар дар шаҳри Душанбе ба ширкатҳои Бек Сабур барои сохтмони иншоот иҷозат нахоҳанд дод.