ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистонро Интерпол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд боздошт кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти пулиси байналмилалӣ .
"Рӯзи 30 январ кормандони Интерпол дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов як шаҳрванди Тоҷикистон К.Э., соли таваллудаш 1981 -ро, ки тавассути ҳавопаймо аз Русия озими Ӯзбекистон шуд, боздошт карданд", - омадааст дар иттилоия.
Маълум аст, ки ӯ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт.
Манбаъ меафзояд, феълан ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти интизомии Русия бо дархости Қирғизистон шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон, Фурқат Абдулфаттоҳовро дар ҷумҳурии Бошқирдистон боздошт кард.
Ба исрори ҷониби Қирғизистон, Фурқат Абдулфаттоҳов шаби 13 марти соли 2020 дар даргирии миёни сокинони деҳоти марзии ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ба сӯи қирғизҳо тирандозӣ кардааст.
Дар ҳамин ҳол, наздикони муҳоҷири боздоштшуда аз Тоҷикистон дар номае ба мақомоти интизомии Русия таъкид карданд, ки Фурқат Абдулфаттоҳов дар торихи ёдшуда аслан дар Тоҷикистон ҳузур надошта ва дар Русияи машғул ба кор будааст.