ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Шикорчиён рӯзи 3 феврал ба кӯҳҳои Ромит ба шикор баромада, бедарак шуда буданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Гуфта мешавад, ки хабари бедарак шудани шикорчиёнро ба шуъбаи Кумита дар шаҳри Ваҳдат раиси ҷамоат расонида, барои ёрӣ дар ҷустуҷӯи одамон муроҷиат кардааст.
"Барои баргузории корҳои ҷустуҷӯӣ наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар карда шуданд”, - омадааст дар хабарнома.
Ҳамроҳи наҷотдиҳандагон ва аҳолии маҳаллӣ корҳои ҷустуҷӯӣ оғоз гардида, рӯзи 4 феврал ҷасадҳои онҳо дарёфт ва аз зери барф берун оварда шуда, ба наздиконашон супурда шуд.
Ҳалокшудагон сокинони 48 ва 32-солаи деҳаи Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит мебошанд.
"Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ ва худдорӣ варзидан аз кӯҳбароӣ бо мақсади шикору ҷамъоварии ҳезум ва чаронидани чорво, бархе аз шаҳрвандон онҳоро нодида мегиранд, ки мутаассифона, ба фоҷеа боис мегардад", - таъкид кардааст ин ниҳод.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хотиррасон мекунад, ки обуҳавои гарми чанд рӯзи ахир хатари фаромадани тармаву ярч ва сангрезаро бештар мекунад ва аз ин рӯ, эҳтиёткору ҳушёр мебояд буд.