ДУШАНБЕ, 5 фев— Sputnik. Сарнавиштаи донишҷӯёни тоҷик, ки ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ дохил шудаанд, ба далели ҳамагирии коронавирус ва баста будани марзҳо то ҳол норӯшан боқӣ мемонад.
Дар ин бора вазири маорифи Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода имрӯз, дар нишасти хабарӣ гуфт.
Ба гуфти вазир дар ин самт вазорат корҳои зиёде анҷом доду бо вазорату макотиби олии кишварҳои хориҷ дар тамос шуда, барои ҳалли масъала талош кард, вале дар аксар ҳолат бенатиҷа анҷом ёфт.
Имомзода мегӯяд, масалан дар робита ба ин масъала Вазорати маорифи Русия як қароре қабул мекунад, ки ба ҳамаи донишҷӯёни хориҷӣ дахл дорад, на танҳо ба донишҷӯёни тоҷик.
"Масъалаи сафари донишҷӯён ба кишварҳои хориҷ аз мо вобаста нест, балки аз кишвари қабулкунанда вобаста аст. Русия ва Чин дар ин самт умуман ба мо иҷозаи вуруд надоданд. Як гурӯҳи донишҷӯёнамонро ба Белорус равон кардем", - гуфт вазир
Ба таъкиди ӯ, бештари донишҷӯёни кишвар донишгоҳҳои Русия, Чин, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистонро интихоб кардаанд.
Зимнан, вазири тоҷик гуфт, ки ин мушкилро ба таври дигар ҳал карданд.
"Мо бо донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои хориҷ дохил шудаанд дар Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон дидору мулоқот доштем ва ба онҳо фаҳмионидем, ки масъала чӣ гуна аст. Вале дар доираи муқаррарот бархеи онҳоро ба донишгоҳҳои худӣ даъват кардем ва онҳо ҳоло таҳсилашонро идома дода истодаанд. Дигар донишҷӯён ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд", - таъкид кард вазир.
Бино ба иттилои Имомзода, имсол ҳам аз ҷониби кишварҳои болозикр барои довталабони тоҷик бурсияҳо ҷудо шудаанд. Масалан аз ҷониби Россотрудничество барои Тоҷикистон имсол 630 бурсия ҷудо шудааст, вале сафар ба ин кишаврҳо то ҳол зери суол аст.