Дархости Ӯзбекистон барои таъсиси донишгоҳи муштарак дар Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон эълон доштааст, ки Ӯзбекистон хостори таъсиси донишгоҳи муштарак шудаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, таъкид дошт, ки масъалаи таъсиси донишгоҳи муштарак бо Ӯзбекистон дар ҳоли баррасӣ аст ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд барои таъсиси донишгоҳи муштарак муваззаф шудааст.
Вазир: дар кишвар норасоии омӯзгорони забони русиву англисӣ вуҷуд дорад
Дар ҳамин ҳол, вазири маориф нагуфт, ки донишгоҳи муштарак бо Ӯзбекистон кай ва чӣ гуна ба кор оғоз мекунад.
Дар Хоруғ филиали Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон барои довталабон боз мешавад
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта мақомоти Ӯзбекистон эълон карда буд, ки донишомӯзӣ дар 16 донишгоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нест.
Мақомоти Ӯзбекистон аз довталабони худ даъват кард, ба донишгоҳҳои кишварҳое раванд, ки дар раддабандиҳои омӯзишии номдор қарор гирифтаанд.
Вазир: сафари донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои хориҷ аз мо вобаста нест
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ба хулосаҳои ҷониби Ӯзбекистон розӣ нестанд.