Данғара шаҳр мешавад? Посухи раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, мегӯяд, Данғара ягона ноҳия дар ҷумҳурӣ мебошад, ки нақшаи генералии он ҳанӯз тасвиб нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз 65 шаҳру ноҳияе, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, нақшаи генералии 64 ададашон аллакай тасдиқ гардидааст.
Ҷангаш накунед: ширкатҳои Бег Сабур дар шаҳри Душанбе ба “рӯйхати сиёҳ” ворид шуданд
Ӯ афзуд, танҳо ноҳияи Данғара мондааст, ки нақшаи генералии он дар ҳоли таҳия асту ба наздикӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ба суол дар мавриди шаҳр шудани Данғара, раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ изҳор дошт, ки хоҳем нахоҳем дар оянда бисёри шаҳрчаю ноҳияҳо ба шаҳр табдил меёбанд.
Зувайдзода зикр кард, ки аҳолӣ дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст ва барои ба шаҳр табдил ёфтан меъёрҳои муайян мавҷуданд. Ӯ тавзеҳ дод, ки ин меъёрҳо дар мавриди теъдоди аҳолӣ ва инфросохторанд, ки чӣ қадар беморхонаю институт ва ғайра бояд дошта бошанд.
Грант барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани роҳҳои Данғара, Кангурт, Ҳулбук
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, бар асоси нақшаҳои генералии тасдиқшуда, биноҳои навбунёд дар шаҳру навоҳии кишвар набояд камтар аз сеошёна бошанд.
Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон қарор карда буд, ки биноҳои навбунёд дар кӯчаҳои хиёбонҳои асосии маркази маъмурии ноҳияҳо набояд камтар аз панҷошёна бошад.