Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тоҷикистон 732 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca мегирад

Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар  ва ё 20 фисади аҳолии Тоҷикистон бо ваксина таъмин мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар доираи механизми COVAX ҳудуди 732 ҳазор воя ваксинаи зидди коронавируси AstraZeneca мегирад.
Кишварҳое, ки дар ташаббуси COVAX иштирок мекунанд, аз ин ваксина бархӯрдор мешаванд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст
Дафтари матбуоти СММ мегӯяд, ки як пешгӯии муваққатӣ рӯзи чоршанбе аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ва шарикони он COVAX нашр шуд.
COVAX як ташаббуси беназир барои хариди марказӣ ва паҳн кардани ваксинаҳои COVID-19 мебошад. Тибқи он, ҳукуматҳо ва истеҳсолкунандагон якҷоя кор карда, ҳам барои сарватмандон ва ҳам кишварҳои камбизоат ваксина мегиранд.
Қаблан, роҳбари Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфта буд, кишварҳое, ки ваксинаи зидди коронавирусро дастрас мекунанд, нахуст пирону табибонро бо он таъмин созанд
Тедрос Аданом Гебресиесус гуфт "шумораи бештари ваксинаи зидди COVID-19 истеҳсол мегардад ва барои ҳама кофӣ хоҳад буд. Аммо, ваксинаҳо ҳоло дар ҳаҷми маҳдуд истеҳсол шудаанд. Мо бояд онҳоро то ҳадди имкон самаранок ва одилона тақсим кунем".
Замони эмгузаронӣ аз коронавирус дар Тоҷикистон маълум шуд: киҳо ваксин мегиранд?
Тибқи маълумоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон, миқдори муайяни ваксинаи зидди коронавирус ба мамлакат низ ворид мешавад ва ҳудуди 1,8 миллион нафар  ва ё 20 фисади аҳолии Тоҷикистон бо ваксина таъмин мешаванд.
Қайд гардид, ки ба гурӯҳи одамоне, ки алайҳи коронавирус эм мегиранд, кормандони соҳаи тиб, маориф, шахсони гирифтори бемориҳои музмин ва аҳолии аз 50  - сола боло шомил мебошанд.