ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазири экологӣ Маъзум Мирзогулӣ, заминшиносӣ ва манобеи табии Қазоқистон дар нишасти давлати ин кишвар дар мавриди эҳдоси 39 обанбор дар саросари ин кишвар то соли 2030 хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Вазири экологӣ зикр кардааст, ки ҳудуди 2 ҳазор километр аз каналҳои аслӣ бозсозӣ мешаванду илова бар ин 8 махзани ҷадид бо ҳаҷми куллӣ 885 миллион метри мукааб об дар манотиқи мухталифи ин кишвар эҳдос ва маврид баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Гуфта шудафст, ки Норлан Нагаев, вазири энержии Қазоқистон низ дар ин замина гуфт: “ҳам акнун гурӯҳи корӣ барои таҳияи пешниҳодоти ҷиҳати тақвияти шабакаҳои барқии минтақаи ҷанубии ин кишварро эҷод кардааст”.
Вай афзуд, ки дар чорчӯби тақвияти шабакаҳои барқии минтақаи ғарбӣ дар соли ҷорӣ корҳои тақвиятии шабакаҳои барқӣ бо зарфияти 220 киловатт дар масири “Тангиз - Кулсари - Атирау - Индер – Уралск” оғоз мешаванд.
Ҳамчунин, бинобар суханони вазири энержии Қазоқистон, қарор аст то соли 2025 милодӣ дар минтақаи ҷанубии ин кишвар ҳудуди 1300 мегаватт генератори газӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.