Боздошти сокини 29 - солаи Бадахшон бо "зумрад" ва "ёқут"

Аз номбурда як миқдор сангҳои қиматбаҳои табиии навъи "зумрад" ва 4 - адад сангҳои намуди "ёқут" дарёфт ва мусодира карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Кормандони милисия сокини 29 - солаи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро боздошт намуданд, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, зимни кофтукоби шахсӣ аз номбурда як миқдор сангҳои қиматбаҳои табии навъи "зумрад" ва  4 - адад сангҳои намуди "ёқут" дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мигранян: рақобат ба Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки дар фурӯши тилло бештар пул кор кунад
Мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сангҳои дарёфтшуда, навъи "ёқут" 112,49-грамм ва "зумрад" 64,40-граммро ташкил медиҳанд.
Голубовский дар бораи содироти тилло ва металлҳои қимматбаҳо аз Тоҷикистон
Манбаъ меафзояд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 284 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба шахсони воқеӣ дар ВМКБ имкон дода шуд, ки бевосита ба истихроҷи сангҳо ва металҳои қимматбаҳо сару кор гиранд.Бар тибқи маълумотҳо, соли гузашта 50 нафар аз миёни 116 сокини ин вилоят, ки барои истихроҷи канданиҳои фоиданок муроҷиат намуда буданд, иҷозат дарёфт карданд.
Бештари сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба Швейтсария содирот шудааст
Феълан дар ВМКБ се нуқтаи хариди метал ва сангҳои қимматбаҳо ташкил карда шудаст, ки яке дар шаҳри Хоруғ ва дуи дигар дар Рӯшон ва Мурғоб кушода шудаанд.