Панҷ бар як: мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тими Молдоваро голборон кард

Тими ҷавонони Тоҷикистон дуввумин бозии худ дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2021" яккачини Молдоваро бо ҳисоби бузург шикаст дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар даври дуюми Мусобиқаи байналмилалии футболи "Ҷоми Рушд-2021" дар Минск ҳамсолони худ аз дастаи Молдоваро бо ҳисоби 5:1 мағлуб намуданд.
Ҳафт бар як: Яккачини ҷавонони Тоҷикистон мунтахаби Қазоқистонро голборон кард
Ин рақобат рӯзи чоршанбеи 3 феврал соати 14:00 ба вақти Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Голҳоро Ҳукмиддин Шомуродов, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Асадбек Ҷурабекзода ва Сунатулло Азизов ба ҳадаф расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии аввалини худ дар мусобиқаи "Ҷоми Рушд-2021" дар кишвари Белорус ҳамтоёни қазоқи худро бо ҳисоби 7:1 мағлуб карда буд.
Даври сеюми Мусобиқаи байналмилалии ҷавонон "Ҷоми Рушд-2021" дар Минск рӯзи 6 феврал баргузор мешавад. Дар ин рӯз тими Молдова (U-17) бо Қазоқистон (U-17) ва дастаи Белорус  (U-17) бо Тоҷикистон (U-17) ба майдон мебароянд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар ин мусобиқот ширкат мекунад.
Тими ҷавонони Тоҷикистон ҳамтои ӯзбекистониро голборон кард-видео
Ҳайати мунтахаби кишвар дар Ҷоми рушди 2021 аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров, Сӯҳробхӯҷа Юсупов.
Ҳимоятгарон: Хукмиддин Шомуродов, Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов.
Даъват шуданд: доварони футболи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд
Нимҳимоятгарон: Алиҷони Айнӣ, Бежан Нишонбойзода, Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов, Кабир Салимшоев, Аббос Андалибов, Муҷовид Шовайсуддинов, Амирҷони Фаррухзод.
Ҳамлагарон: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов, Асадбек Ҷӯрабекзода, Хуршед Давлатзода.