ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Дар Русия мавҷи сеюми коронавирус пешбинӣ шудааст, изҳор дошт мутахассиси пешбари Маркази Гамалея, Фёдор Лиситсин.
Ба гуфти ӯ, афзоиши сирояти коронавирус дар Русия метавонад дар фасли баҳор рух диҳад. Ҳамзамон, мутахассис шарти пешгирии сирояти оммавиро ном бурд.
"Мавҷи дигари коронавирус дар Русия ҳанӯз имконпазир аст ва танҳо эмгузаронии оммавӣ метавонад онро аз миён бардорад. Ин мавҷи марбут ба гармӣ аст", - гуфт Лиситсин дар суҳбат бо шабакаи телевизионии "Россия-24".
Ёдовар мешавем, ки эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронавирус дар кишвар аз 18 январ оғоз ёфт. Эмкунӣ бо ваксинаҳои ватании "Sputnik V" ё "Epivakkorona" гузаронида мешавад.
Раҳбари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Тедрос Аданом Гебресиесус дар бораи коҳиш ёфтани шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон хабар дод.
Ин тамоюл ҳафтаи сеюм аст, ки пай дар пай ба мушоҳида мерасад. Ҳамзамон, вай қайд кард, ки дар ҳама кишварҳо риояи тадбирҳои зидди эпидемиологии заруриро идома додан лозим аст.
Қаблан мутахассиси бемориҳои сироятии кӯдакон, Евгений Тимаков гуфта буд, ки кай дар Русия имкон мешавад аз ниқоб даст кашид. Ба гуфтаи вай, ин наздиктар ба фасли тобистон рух хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ масунияти дастаҷамъӣ ба коронавирусро ташкил медиҳанд.
Дар навбати худ, роҳбари "Роспотребнадзор", Анна Попова қайд кард, ки ба хотима додани режими ниқоб дар Русия метавонад ваксинаи сареъ ва азими зидди COVID-19 мусоидат кунад.