Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳаҷми зарар дар соҳаи бору мусофиркашониро гуфт

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳаҷми хисорот дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалии кишварро ҳангоми пандемия гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Пандемияи коронавирус ба интиқоли бор ва мусофиркашӣ ба маблағи 300 миллион сомонӣ зарар расонд, гуфт вазири нақлиёт, Азим Иброҳим зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе.
Коҳиши мусофирбарию афзоиши боркашонӣ дар Душанбе
"Зарар танҳо дар соҳаи боркашонии автомобилӣ беш аз 272 миллион сомониро ташкил додааст", - гуфт вазир.
Раҳбари Вазорати нақлиёт илова кард, ки талафот дар умури ҳамлу нақли мусофирон 28,9 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми борҳое, ки Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" интиқол медиҳад, афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" давоми соли гузашта 6,3 миллион тонна бор кашонд, ки 5,8 миллион тоннааш ҳамлу нақли байналмилалӣ мебошад.
Қаблан Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки тақрибан 92,3% ҳаҷми умумии борҳо дар Тоҷикистон ба нақлиёти автомобилӣ рост меояд.