ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки масъалаи кушодани роҳҳои нави пулакӣ дар кишвар ҳанӯз баррасӣ нашудааст.
Ба гуфтаи вазир, имсол татбиқи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи кушодани шоҳроҳи Душанбе-Бохтар ба анҷом мерасад.
Дар ин муддат шоҳроҳ аз нав сохта мешавад.
Дар ин муддат шоҳроҳ аз нав сохта мешавад.
Гуфта мешавад, масъалаи ҷорӣ кардани пардохтҳо барои истифодаи роҳи нав аз марказ ба ҷануби ҷумҳурӣ, ҳанӯз ба миён гузошта нашудааст.
"Инчунин як роҳи 9,2 километрӣ бозсозӣ мешавад - ин марҳилаи сеюми лоиҳаи Кизилқалъа - Бохтар аст. Аммо дар бораи ҷорӣ кардани ҳаракати пулакӣ дар ин роҳ сухане нест", - гуфт вазири нақлиёт.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон танҳо як роҳи пулакии Душанбе - Чаноқ (Хуҷанд) мавҷуд аст, ки ба он филиали ширкати "Innovative Solutions International" (IRS) хидмат мерасонад.
Роҳи автомобилгарди мазкур, ки ҳамлу нақли бор бештар тавассути он сурат мегирад, минтақаи шимолии кишварро бо қисматҳои марказӣ ва ҷанубӣ мепайвандад, ки дар он шаш нуқтаи ҷамъоварии маблағ мавҷуд аст.