Ночории "Сангтӯда": барқ тавлид мекунаду фурӯхта наметавонад

Мудирияти нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" бо вуҷуди талошҳо барои фурӯши барқ ба хориҷ бидуни миёнравии ширкати қарздори "Барқи тоҷик" муваффақ нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" назди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" ба як миллиарду 600 миллион сомонӣ ( беш аз 140 миллион доллар ) расидааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии "Садои Хуросон".
Қарзи “Барқи тоҷик” назди НБО Сангтуда-1 ба беш аз 1 миллиарду 329 миллион сомонӣ расид
Иқтидори нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"  2 миллиарду 700 миллион киловатт соатро ташкил медиҳад, аммо ширкати "Барқи тоҷик" тавони қабули 1,6 млрд-2,3 млрд кВт соат дорад. 
Қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи Сангтуда-1 дар аввали сол 1,6 млрд. сомониро ташкил дода, тавоноии пардохти пули барқ аз тарафи ширкати "Барқи тоҷик" ҳамагӣ 44 дарсадро тшкил додааст.
Талоши мудирияти нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" барои фурӯши барқи хеш ба сурати мустақил аз ширкати "Барқи тоҷик" ва ё фурӯш ба хориҷ то ба ҳол бенатиҷа будааст. 
Айни замон ба далели буҳрони камбуди барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон маҳдудият аз соати 23-и шаб то 6-и субҳ ҷорӣ шудааст.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳосили кори ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" - ро дар ихтиёр доранд.