Раҳмон: боғдориро зиёд намоед то ҷои кор шавад

Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 феврал - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар  вилояти Суғд ба мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба хотири гузоштани  санги асос барои бунёди боғи интенсивӣ, сафар кард.
Чипси хуҷандӣ: Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи нав ифтитоҳ кард
Гуфта шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи навбунёди интенсивӣ ниҳолҳои мевадиҳанда шинонд.
Зикр шудааст, ки дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамин дар навбати аввал аз ҷониби ширкати “Афзали Зарзамин” дар 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст.
“Дар 1,5 гектари он сиёҳолу, дар 3,5 гектар зардолуи навъи “Мирсанҷалӣ” ва дар ҳудуди заминҳои боқимонда ниҳоли шафтолу шинонида шудааст, ки ин дарахтон дар Филиали Институти боғпарварию сабзавоткории вилояти Суғд парвариш ёфтаанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар маҷмӯъ бо саҳми хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар минтақаи Султонобод дар майдони 300 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд, ки меваҳои дарахтони боғоти нав асосан ба содирот нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар кишвар аллакай солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медарояд.
Раҳмон дар Хуҷанд нахуст корхонаҳои Каромат Назароваро ифтитоҳ кард
Зимни суҳбат бо боғдорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ, Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки барои бештар бунёд намудани боғоти меваҳояшон ба содирот нигаронидашуда, истифодаи талу теппаҳо барои афзун намудани майдони боғот ва ба инобат гирифтани маслиҳати олимон таваҷҷуҳ намоянд.
Айни замон дар вилояти Суғд 8 муассисаи ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва дигар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд.
Эмомалӣ Раҳмон боғдорони вилояти Суғд ва масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор намуданд, ки минбаъд майдони боғҳои интенсевӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоянд.
“Дар ин сурат ҳаҷми содироти мева меафзояд ва дар баробари ин сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳурӣ кишвар.