ДУШАНБЕ, 2 фев— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшид, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.
Гуфта мешавад, иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад.
"Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хосса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯй маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.
Бояд гуфт, ки қаблан маҳсулоти коркардшудаи нонӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд ва арзиши гарон дошт.
Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон президент аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатӣ дидан кард.
Дар ҳамин ҷо ба Эмомалӣ Раҳмон аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхонаи мазкур коркарди картошка ба роҳ монда шудааст ва аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.