Нахустин намози ҷамоа дар Тоҷикистон чигуна гузашт - навор

Дар Тоҷикистон, дари масҷидҳои кишвар дубора боз шуду мусалмонон пас аз 10 моҳи интизорӣ, нахустин намозро адо карданд
Sputnik
Дари масҷидҳо, ки аз моҳи апрели соли гузашта бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус  баста шуд, акнун сар аз имрӯз, 1 - уми феврал дубора аз сар гирифта мешавад.
Қарори дубора фаъол шудани масоҷидҳоро Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз маризии коронавирус қабул намуд.
Омори нави коронавирус дар Тоҷикистон - маълумоти вазорат
Ситоди мазкур бо эълон намудани санаи бозкушоии дари масҷидҳо ҳушдор дод, ки дар сурати риоя нагардидани шартҳои пешниҳоднамуда, эҳтимол дорад ибодатгоҳҳо боз баста шаванд.
Яке аз шартҳои асосии фаъол мондани масҷидҳо, ин пӯшидани ҳатмии ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мебошад. Ҳамчунин, риоя кардани чораҳои беҳдоштию санитарӣ низ ҷиддан талаб карда мешавад.