Бутина барои дастгирии рӯзноманигорони Латвия дар назди ВКХ даст ба эътироз зад

Эътироз қабл аз оғози гуфтушунидҳо байни вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои шведии ӯ Анн Линде, ки ҳамчун раиси амалкунандаи САҲА дар Маскав қарор дорад, сурат гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Рӯзноманигори рус, ки аз зиндони Амрико раҳо шудааст, узви Палатаи ҷамъиятӣ Мария Бутина бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бӯҳрони озодии баён ва зулм дар назди хонаи қабули Вазорати корҳои хориҷӣ пикети ягона баргузор кард. 
Эътироз қабл аз оғози гуфтушунидҳо байни вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои шведии ӯ Анн Линде, ки ҳамчун раиси амалкунандаи САҲА дар Маскав қарор дорад, сурат гирифтааст.
Интқоди тунди Лавров аз таъқиби рӯзноманигорони русзабони Латвия - видео
"Ман барои ҷалб кардани диққати ӯ (Линде. - Таҳрир) ба қонуншикание, ки дар Латвия бо ҳамватанони мо, рӯзноманигорони Латвия рух медиҳад, омадаам. Инҳо ҳафт нафаре буданд, ки рӯзи 3-юми декабр шадидан кофтукоб карда шуданд. зидди онҳо барои ҳамкорӣ бо расонаҳои Русия парвандаи ҷиноӣ боз карданд", - гуфт Бутина ба хабарнигорон.
Ба қавли вай, бо ин роҳ мақомоти Латвия саъй доранд мардумро хомӯш кунанд ва аз изҳори назари алтернативӣ ҷилавгирӣ кунанд.
"Тасаввур кардани ҷаҳоне даҳшатбор аст, ки дар он танҳо як нуқтаи назар ҳукмронӣ мекунад. Аз ин сабаб ман имрӯз дар инҷо ҳастам", - илова кард Бутина.
Вай ёдовар шуд, ки Русия борҳо ба САҲА, ки кафили ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Аврупо мебошад, муроҷиат карда, хоҳиш кардааст, ки ин вазъ шарҳ дода шавад, аммо посухе нагирифт.
Березовская аз боздошту бозҷӯии рӯзноманигорони русзабон дар Латвия гуфт
"Мо ин посухро талаб мекунем. Умедворам, ки ҳузури ман имрӯз бо ин плакат боиси вокуниши онҳо хоҳад шуд. САҲА бояд он чиро, ки дар Латвия бо ҳамватанони мо рӯй дода истодааст, маҳкум кунад ва чораҳои дахлдор бинад" - таъкид кард Бутина.
Дар плакате, ки дар дасти рӯзноманигор буд, "Фишор ба рӯзноманигорон дар Латвия қатъ кунед", - навишта шудааст.
Мақомоти кишварҳои назди Балтика ба фаъолияти васоити ахбори умуми Русия доимо монеа эҷод мекунанд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Русия қайд кард, амалҳои Таллин, Рига ва Вилнюс аломатҳои ҳамоҳангиро ба таври равшан нишон медиҳанд ва ҳолатҳои таъқиби ВАО дар кишварҳои назди Балтика ба таври равшан нишон медиҳанд, ки изҳороти демагогии ин кишварҳо дар бораи риояи принсипҳои демократия ва озодии сухан дар амал арзанда аст.
Моҳи декабр рӯзноманигорони русзабони Латвия, аз ҷумла онҳое, ки бо порталҳои Baltnews ва Sputnik Латвия ҳамкорӣ мекунанд, ба вайрон кардани режими таҳримоти Иттиҳоди Аврупо айбдор карда шуданд.
Собиқ муҳаррири Вaltnews дар бораи таъқиби ВАО: Латвия ба ақидаи алтернативӣ ниёз надорад
Онҳоро кофтукоб карданд ва феълан ҳуқуқи берун шудан аз кишварро надоранд. Ба рӯзноманигорон аз ҷаримаи пулӣ то ҳабс таҳдид мекунад.
"Sputnik Латвия" ва Baltnews бо ташкилоти байналмилалии иттилоотии "Россия сегодня" рабт дорад. Дар айни замон, рӯзноманигорони Латвия, ки барои ин расонаҳо менависанд, кормандони онҳо нестанд, балки танҳо ҳамчун муаллифони озод фаъолият мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Русия амали мақомоти Латвияро намунаи ошкорои вайрон кардани пояҳои ҷомеаи демократӣ - озодии ВАО ва баён номид.
Ғайр аз он, таҳримҳое, ки рӯзноманигорон барои вайрон кардани режим айбдор мешаванд, хусусияти шахсӣ доранд ва шахсан ба директори генералии Агентии иттилоотии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев иртибот доранд, яъне онҳо наметавонанд ҳар касеро, ки бо ВАО ҳамкорӣ мекунад, дар бар бигиранд . 
Сармуҳаррири "Россия Сегодня" ва RT Маргарита Симонян изҳори умедворӣ кард, ки Русия ба парвандаҳои ҷиноии зидди рӯзноманигорони русзабон посух хоҳад дод.