Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон якбора ду заминларза ба амал омад

Дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон, дар фосилаи якчанд соати субҳи имрӯз ду заминларза сабт шуд ва ин аллакай сеюмин заминларза давоми як шабонарӯз аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Субҳи имрӯз, дар қаламрави сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, якбора ду ларзиши замин бо иқтидори баробар дар фосилаи ду соат ба амал омад, хабар медиҳад, Хадамоти Геофизикии Академияи илмҳои Русия.
Шимоли Тоҷикистонро заминларза такон дод
Ғайр аз он, Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон низ ларзишро сабт кард, аммо ларзиш дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя эҳсос нашудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, таконҳои аввал дар соатҳои 06:16 ба вақти Душанбе дар 38-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ ва 267-километрии шарқи Қундуз рух додааст.
Қувваи заминҷунбӣ 4 арзёбӣ шуда, умқи он дар зери замин 154 километрро ташкил додааст. Тибқи дигар манбаъҳо, 10 километр.
Заминларзаи дуввум, ки тақрибан пас аз он ба қайд гирифта шудааст, соати 08:45 ба вақти Душанбе низ дар қаламрави Афғонистон рух дод.
Иқтидори заминларзаи дуввум низ 4 бал гуфта мешавад. Гуфта мешавад, такони дуввум 522 километр дуртар аз Тошканд, дар самти ҷанубу шарқӣ рух додааст.
Аксҳои даҳшатовар: харобкориҳои заминларза дар Индонезия
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон то кунун дар ин бора шарҳе надодааст.
Дар бораи талафот ва харобӣ дар қаламрави кишварҳо низ гузориш дода нашудааст.