Раҳмон аз барқдуздии зиёд гуфт: 12 корманди шабакаҳои барқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон мегӯяд, соли сипаришуда алайҳи 12 корманди барқ бо иттиҳоми дуздии барқ парванда боз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, ҳолатҳои зиёди дуздӣ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва маблағҳои аз фурӯши он бадастомада ошкор гардида, 12 нафар кормандони шабакаҳои барқӣ, бинобар даст доштан ба ин ҷиноятҳо, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард
 Чунончӣ, нозири Шабакаҳои барқи ноҳияи А.Ҷомӣ 67,4 ҳазор сомонӣ пули нақди маблағҳои аз аҳолӣ ҷамъовардашударо бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо тасарруф намудааст, гуфт, прокурор.
Ба иттилои манбаъ, бо натиҷаи санҷишҳо дар ин самт баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1412 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддию маъмурӣ кашида шуда, 35 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ӯ гуфт, ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ диққати хосса дода шуда, бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ 81 миллион сомонӣ маблағи истифодаи он барқарор карда шуд.
Ёдовар мешавем ахиран дар пайи камбуди барқ ва ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо раисҷумҳури кишвар дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад ва ҳолатҳои ғайриқонунӣ ошкор гардад.
Дастури қатъии Раҳмон ба вазорат ва "Барқи тоҷик": нигаронӣ аз ҷамъоварии пули барқ
Дар пайи дастури ӯ комиссияи вижае низ таъсис гардид, ки аз ошкорсозии миллионҳо сомонӣ дуздии барқ хабар доданд.