ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Парлумон таъйиноти Ёқубзода Мирҳаёт Миробидро ба мақоми муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон зимни муаррифии Ёқубзода Мирҳаёт Миробид гуфт, ӯ солҳои 2011- 2015 дар мансабҳои гуногуни “Амонатбонк” фаъолият кардааст. Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Зокирзода илова намуд, ки Ёқубзода аз соли 2015 дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Номи Мирҳаёт Ёқубзода чанд соли қабл замони таъйинаш ба мақоми роҳбари муваққати “Тоҷиксодиротбонк” ва қазияи марбути латукӯби як корманди ин бонк расонаӣ шуда буд.
Инчунин Маҷлиси намояндагон фармони раисиҷумҳур дар бораи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъйин намудани Толибзода Фирдавс Назримадро тасдиқ кард.
Бино ба иттилои расмӣ, Толибзода Фирдавс, 15 сол аст, ки дар мансабҳои гуногуни Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад.