Модарам ҳар як "лампа"-ро назорат мекунад: вазир гуфт, чи гуна барқро сарфа мекунад

Вазири энергентика ва захираҳои обӣ тавзеҳ дод, ки чигуна барқро дар хонаводааш сарфа мекунад. Ӯ гуфт, ки масрафкори асосии оилаи вай дар мавриди барқ модараш аст, ки ҳар як "лампа" ва ё фурӯзонакро назорат мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз дар рафти нишасти матбуотӣ роҳҳои сарфаи барқро аз рӯйи таҷрибаи худаш нишон дод.
Далер Ҷумъа ба хабарнигорон тавзеҳ дод, ки чигуна нерӯи барқро дар хонаводааш сарфа мекунад.
"Ман чун истифодабаранда барқро кам масраф мекунам, ҳамчун вазир бошад, зиёд", - гуфт вай.
Ба гуфтаи вазир, кам сарф кардани барқ ба кисаи соҳаи энергетика манфиатовар нест.
Коҳиши содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя
Вазорат бошад, афзуд ӯ, барқро зиёд истифода мебарад.
"Философияи ҳирфаии шахсии ман ба мо имконият медиҳад, ки аз ҳисоби самаранокӣ интиқоли барқро ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон афзоиш диҳем", - изҳор дошт Ҷумъа.
Дар хонаводаи ман, сарфаи нерӯи барқ назорат мешавад ва назоратчии асосӣ модарам мебошанд. Ба наздикӣ  ба Душанбе кӯчидам ва агар хато накунам, қувваи барқро ҳудуди 500-600 кВт сарф мекунам. Пештар вақте дар Хоруғ кор ва зиндагӣ мекардам, масрафи барқи ман зиёдтар буд, зеро митақа сард аст, афзуд ӯ.
Вазири тоҷик: таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқии обӣ идома доранд
Ёдрас мешавем, мақомоти Ширкати “Барқи Тоҷик” аз рӯзи 6 январи имсол ба далели камбуди об дар нерӯгоҳи барқи обии Норак интиқоли барқро маҳдуд кардаанд.
Ҳамчунин аз 10 декабр дар кишвар штаби махсусӣ ҷумҳуриявӣ ташкил шудааст, ки истифодаи барқро дар тамоми кишвар назорат мекунад ва аз мардум даъват менамояд, ки сарфакор бошанд.