Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Абдуллозода ба Олсавски: дар Тоҷикистон ягон маризи коронавирус боқӣ намонд

Роҳбари тозаинтихоби Созмони ҷаҳонии беҳдошт Виктор Олсавкий вориди Тоҷикистон шуда, бо Ҷамолиддин Абдуллозода вазири беҳдошти Тоҷикистон мулоқот намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз, 1 феврал, бо роҳбари тозаинтихоби СҶБ Виктор Олсавски мулоқот кард.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Карриева гирифтори коронавирус шуда, Тоҷикистонро тарк кард: таъйини намояндаи нави СҶБ
Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, Абдуллозода нахуст Олсавскиро барои ба вазифаи роҳбари СҶБ дар Тоҷикистон интихоб шудан, муборакбод кард.
Зимнан, дар идомаи сӯҳбат вазири тоҷик изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон феълан ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст.
"Хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст", - афзуд Абдулозода.
Қаблан, раҳбари созмони мазкур дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева буд, ки номбурда бинобар гирифтор шудани маризии коронавирус тарки ҷумҳурӣ кард. 
Коронавирус дар Тоҷикистон: охирин омори вазорат
Виктор Олсавский 61 сол дорад ва аз соли 1997 намояндаи СҶБ дар Босния ва Ҳерзеговина раҳбарӣ мекунад. Ҳангоми кор дар ин кишвар, ӯ инчунин ба намояндагиҳо дар Того, Ҷумҳурии Молдова ва Ӯзбекистон кумак кардааст.
Дар охири моҳи декабри соли 2020, дар натиҷаи интихоби озмун, ӯ ба ҳайси намоянда дар Тоҷикистон таъин шуд.