Вазорати энергетика сатҳи ками об дар обанбори Норакро шарҳ дод

Шоимзода Ҷамшед Шодӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки сатҳи об дар обанбори Норак нисбат ба соли гузашта камтар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон чораҳое, ки ширкати “Барқи тоҷик” андешид, имкон дод Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” мунтазам фаъолият кунад.
Боз торикӣ: чаро Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кард ва он то кай идома меёбад
“Чораҳое, ки аз ҷиҳати техникӣ амалӣ шуданд ва инчунин  корҳои вобаста ба сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ аз сӯи аҳолӣ, ки аз тарафи  “Барқи тоҷик” пеш гирифта шуд  ба фаъолияти мунтазами нерӯгоҳи “Норак” ва силсила нерӯгоҳҳои дарёи Вахш  кумак кард. Ҳоло нерӯгоҳҳо фаъолият доранд ва нерӯи барқ тавлид мекунанд”, - таъкид дошт Далер Ҷумъа.
Вай афзуд, мо сатҳи обро танзим кардем то тамоми нерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш мунатазам кор кунанд
Дар ҳамин ҳол, Асозода Маҳмадумар Шамсулло, муовини якуми раиси ШСХК Барқи Тоҷик таъкид дошт, ки дар ҳавзи об дар обанбори Норак ба ҳолати 1 феврали соли равон ба нишонаи 8,80 метр расонида шуд.
Вай таъкид дошт, ки дар моҳи январ сатҳи об аз 8,99 метр то 8,97 поин рафта буд.
“Соли 2020 яке аз солҳои камобтарин ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш дар соли 2020 ба 542 метр куби дар сония баробар шуд. Дар соли 2019 ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш 680 метрро ташкил медод”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон масъулин дар ин нишасти матбуотӣ изҳори боварӣ карданд, ки дар моҳҳои наздик ҳаҷми резиши об ба дарёи Вахш беҳтар мегардад.  
Гуфта шудааст, ки ба ҳолати 1 марти соли равон сатҳи об дар обанбори Норак ба 866,20 метр расонида мешавад.
Вай афзуд, дар моҳи феврал дар як шабонарӯз обанбори Норак дар ҳаҷми 49 сантимет аз ҳисоби резиши об пур карда мешавад.