Иттиҳодияи Аврупо аз доллар даст мекашад

Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ният доранд вобастагии худро аз доллар кам кунанд ва иқтисоди худро ҳимоя намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 феврал - Sputnik. Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо нақшаи пешакӣ барои даст кашидан аз долларро рӯ даст гирифтааст, менависад Financial Times.
Иттиҳодияи Аврупо ин иқдомро ба хотири кам кардани вобастагии худ аз доллар роҳандозӣ хоҳад кард. Бар ивази доллар Иттиҳодияи Аврупо ният дорад евроро ба кор барад. Имрӯз ин дуввумин асъори серталаб дар ҷаҳон ба шумор меравад.
"Тақвияти нақши байналмилалии евро иқтисод ва низоми молиявии моро аз зарбаҳои асъорӣ муҳофизат мекунаду, вобастагӣ аз дигар асъорро кам карда, хароҷоти пасти транзаксионӣ ва молиявиро коҳиш медиҳад", - гуфт Комиссари аврупоӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Паоло Ҷентилони.
Гуфта шудааст, ки тибқи нақшаҳои пешакӣ, евро бояд дар шартномаҳои интиқоли мол иникос ёбад ва дар меъёрҳо бояд таҷдиду тайғирот ворид гардад.
Иқтисодшинос гуфт, хатарноктарин рӯзҳо барои рубл кай фаро хоҳанд расид
Танзимкунандагон метавонанд тасарруфи ширкатҳои аврупоиро аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ пешгирӣ кунанд, чунки ин таҳдид ба амнияти миллӣ дониста мешавад.
Бо кумаки низоми нави назорати сармоягузории мустақими хориҷӣ, ҳар як амалиёт санҷиш хоҳад шуд. Бо ин роҳ, ба сосони мешавад муайян кард, корхонае, ки тасарруф карда шудааст, оё таҳримҳои бурнмарзиро роя хоҳад кард ё на.
Тибқи гузориши Бонки марказии Аврупо, серталабии евро барқарорсозии бунёди Иқтисоди Аврупо пас аз пандемия, ки 750 миллиард евроро ташкил медиҳад, афзоиш хоҳад дод.
Ҳамчун алтернатива ба доллар, Иттиҳодияи Аврупо нақша дорад, вомбаргҳои ягонаи шарикӣ ба фурӯш барорад. Ин метавонад хавфҳои эҳтимолӣ пешгирӣ намояд.
Аммо, оҷонсиҳои пешрафтаи амрикоӣ, аз ҷумла Bloomberg, боварӣ доранд, ки ин нақша амал нахоҳад шуд. Ба гуфтаи коршиносони амрикоӣ ин нақша ба хотири доштани мухолифат миёни ҳукуматҳои мухталифи кишварҳои Аврупо наметавонад амал шавад.