Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб: занони кадом кишварҳо сатр мепӯшанд, дар куҷо мамнӯъ аст?- акс

Якуми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб шинохта шудааст. Имсол барои ҳаштумин маротиба аз ин рӯз ҷашн мегиранд. Бино ба иттилои расонаҳои исломӣ, Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар 140 кишвари дунё таҷлил мешавад
Sputnik
Ҳиҷоб-ин навъи сарпӯши занонаест, ки дар фарҳанги мусулмонон роиҷ ва фарз хонда мешавад.
Оғоз аз соли 2013 рӯзи якуми феврал чун Рӯзи ҳиҷоб таҷлил мешавад.
Арзиши гаронтарин ҳиҷоб дар ҷаҳон муайян шуд
Ин рӯзи занони мусулмон мебошад. Рӯзи ҳиҷоб ҷашни ҷавонест, ки сол то сол дар ҷаҳон шӯҳраташ бештар касб мекунад.
Асосгузори Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб Назмахон, як бангладешитабори муқими Амрикост.
Ин сокини шаҳри Ню-Йорк соли 2013 аз занону духтарон новобаста аз динашон даъват кард, якуми феврал ҳиҷоб пӯшанд. Ҳадафи ин даъват поён додан ба исломбадбинӣ арзёбӣ шуд.
Назмахон, ки дар 11-солагӣ ба Амрико омадааст, чӣ будани табъизро хуб медонад. Ӯро дар мактаб барои ҳиҷоб доштанаш ҳамсабақон “Бэтмен”-у ниндзя мегуфтанд. Бо гузашти солҳо ӯ интернет-мағозаи либосҳои исломиро роҳандозӣ  кард.
Баъди ин аз занону духтарон ҳазорҳо мактуб унвонии вай мерасанд ва аз табъиз шудан мегӯянд. Ҳамин чиз сабаби даъват барои ҷашнгирӣ аз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб мешавад.
Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳар сари чанд вақт баҳсҳо дар бораи манъи ҳиҷобпӯшии занони мусалмон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ авҷ мегиранд. Ҳолатҳои баҳсҳои додгоҳӣ низ сари ин масъала ба назар мерасиданд.
Масалан, дар Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Эрон ва Яман пӯшидани ҳиҷоб на танҳо тибқи қонун ташвиқ карда мешавад, балки ҳатмӣ мебошад.
Дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба пӯшидани ҳиҷоб иҷозат доданд
Дар Тоҷикистон бархе аз мақомҳо сатру ҳиҷобро либоси ба фарҳанги миллӣ бегона тавсиф мекунанд. Аз соли 2014 ба ин сӯ ин мавзӯъ дар ҷомеаи Тоҷикистон хеле гарм аст. 
Ягон зани эронӣ ё араб атлас мепӯшад? Раиси Кумитаи занон дар бораи ҳиҷоб
Дар Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон, баръакс, пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ манъ аст.
Қазоқистон ҳатто барои пӯшидани ҳиҷоб ба андозаи 50 музди ҳадди ақал ҷарима таъин кард.
Дар бисёр кишварҳои Аврупо пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонун мамнӯъ аст.
Аммо на танҳо дар кишварҳое, ки шумораи зиёди шаҳрвандони мусулмон доранд, либоси суннатӣ иҷозат дода нашудааст.
Соли 2004 Фаронса пӯшидани ҳиҷобро дар муассисаҳои таълимӣ манъ кард.
Ин боиси зиёд гаштани мавҷи норозиён гашт, зеро ин мавқеъ ба нақзи арзиҳои дини Ислом равона шуда буд.
Ин қонун дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо: Италия, Испания, Австрия, Белгия, Дания, Булғористон ва Олмон низ қабул шудааст.
Дар Русия ҷанҷоли марбут ба либоси суннатии исломӣ се маротиба авҷ гирифт. Соли 2012, дар қаламрави Ставропол, донишҷӯдухтарон дар муассисаҳои таълимии воқеъ дар минтақаҳои дорои шумораи зиёди аҳолии мусалмон иҷозати пӯшидани ҳиҷобро надоштанд.
Аммо мақомоти Зеландияи Нав ба таври дигар тасмим гирифтанд - духтарони мусалмон, ки дар полис хидмат мекунанд, акнун метавонанд сарпӯши либоси махсус бо ҳиҷоб ба бар кунанд.
1 / 18
Духтари роҳинҷӣ пеш аз намози нисфирӯзӣ дар як мактаби ҳамагонӣ дар Кланги Мянмар
2 / 18
Заҳро Лори (АМА) зимни як давраи омӯзишӣ пеш аз оғози мусобиқаи яхмолакбозӣ дар Универсиадаи XXIX Умумиҷаҳонии 2019. Заҳро Лори нахустин конкитоз аз АМА буд, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳунарнамоӣ кард ва аввалин шуда дар назди мардум бо ҳиҷоб баромад кард.
3 / 18
Духтари ҷавони ҳиҷобпӯш дар гимназияи Ҷакарта дар бозии намоиши шоҳмот иштирок мекунад
4 / 18
Зани ҳиҷобпӯш дар назди биное бо нишонаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар маркази намоишгоҳи умумирусиягӣ дар Маскавба скутерсаворӣ мекунад
5 / 18
Занони фаластинӣ дар марафоне, ки ба хотимаи хушунат алайҳи занони Ғазза бахшида шудааст, ширкат мекунанд
6 / 18
Духтарони мактабҳои ҳиндӣ зимни як семинари йога дар Аҳмадободи Ҳиндустон
7 / 18
Духтари ҷавони ҳиҷобпӯш ба шаби хатм дар мактаби миёна дар Германтуани ИМА омодагӣ мегирад
8 / 18
Духтари мусалмон дар як автобуси Лондон.
9 / 18
Шоҳзода Уилям бо мардуми Брэдфорд сӯҳбат мекунад
10 / 18
Занони ҳиҷобпӯш ва ниқобпӯш дар Банда Ачехи Индонезия
11 / 18
Хонандагони мактабҳои эронӣ дар суханронии президент Ҳасани Рӯҳонӣ дар парлумони Теҳрон ширкат мекунанд
12 / 18
Модели мусалмон Ҳалима Аден ҳангоми намоиши мӯд дар Истамбул
13 / 18
Фотима Аҳмад аз Урдун дар мусобиқаи пауэрлифтинг байни занон дар вазни 52 кг дар Бозиҳои XIV тобистонаи паралимпӣ дар Лондон.
14 / 18
Духтарон дар таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар Бишкек
15 / 18
Ибтиҳоҷ Муҳаммад, нахустин варзишгари зан дар ИМА, ки ҳиҷоб ба бар кардааст,пирӯзияшро дар мусобиқаи нимфиналии фехтование дар Олимпиадаи тобистона ҷашн мегирад
16 / 18
Афсари мустаъфӣ Алия Тейлор бо саги худ дар як нишасти матбуотӣ дар клуби сагпарварии Вестминстер дар Ню Йорк
17 / 18
Занҳои қирғиз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷобро дар Бишкек ҷашн мегиранд
18 / 18
Донишҷӯи мусулмони ҳиҷобпӯш дар қатора меравад. Тайланд