ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Бино ба эълони БДА, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон сафари кории меҳмонони олиқадр ва ҳайати ҳамрокунандаи онҳо аз пагоҳ ба вилояти Суғд дар назар дошта шудааст ва ба ин муносибат ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт давоми панҷ рӯзи оянда дар якчанд кӯча ва шоҳроҳҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад.
“Санаи 2 феврали соли ҷорӣ роҳи кӯчаҳои “Н. Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва Ленин”-и шаҳри Бӯстон, шоҳроҳи “Ғафуров – Хуҷанд”-и ноҳия Б. Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ, Гагарин ва Сирдарё ва маҳаллаи Чашма”-и шаҳри Хуҷанд то давраи Ором, шаҳри Хуҷанд, ҷамоати деҳоти Д. Холматов, шаҳри Гулистон ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар соатҳои зарурӣ маҳдуд карда мешаванд”,-гуфташудааст дар хабарнома.
Бино ба иттилоъи БДА инчунин санаи 3 феврал роҳи шаҳри “Гулистон, ҷамоати деҳоти Д. Холматов то бурриши Сомғор”-и ноҳияи Б. Ғафуров.
Санаи 4 феврал роҳи шаҳри “Гулистон, ҷ/д Д. Холматов то давраи Ором” и ноҳияи Б. Ғафуров, инчунин кӯчаҳои “Сирдарё, С. Умаров, Р. Ҷалил, И. Сомонӣ ва Р. Ҳоҷиев” и шаҳри Хуҷанд.
Санаи 5 феврал кӯчаҳои марказии шаҳри “Гулистон, шоҳроҳи “Ғафуров - Хуҷанд, кӯчаи ба номи С. Ӯрунхуҷаев” и ноҳияи Б. Ғафуров.
Санаи 6 феврал кӯчаҳои марказии шаҳри “Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, кӯчаи С. Ӯрунхуҷаев” и ноҳияи Б. Ғафуров.
Санаи 7 феврал ҳаркати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри “Гулистон, шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров, кӯчаҳои Н. Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва Ленин” и шаҳри Бӯстон, муваққатан маҳдуд карда мешаванд.
Бо нашри ин эълон Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ, сардори Раёсати БДА дар вилояти Суғд аз ҳамаи шаҳрвандон ва ронандагони воситаи нақлиёт барои риояи ин муқаррарот хоҳиш намуда, гуфтааст, ки дар вақти зарурат ронандаҳо аз тариқи роҳу кӯчаҳои ҳамшафат ба ҳаракат баромада метавонанд.