Бег Сабур боз дар нишаст ширкат накард: муовинаш дақиқ гуфт, ӯ куҷост

Бег Сабур куҷост? Суоли нобоби хабарнигорон аст, ки раҳбари аршади Хадамоти алоқаро меҷӯянду масъулини ин ниҳодро барои посух нороҳат месозанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, боз дар нишасти матбуотии ин ниҳод ширкат накард. Муовинаш ин дафъа дақиқ гуфт, ки ӯ куҷост.
Сокинон аз интернету хизматрасонии паст шикоят доранд. Хадамот мегӯяд, мушоҳида накардааст
Яке аз рӯзноманигорон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, "сухан аз забони луқмон хуш аст" мегӯянд ва пурсид чаро раҳбари Хадамон боз дар нишаст ҳузур надорад.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон ширкат накардани раиси ин ниҳод дар нишасти матбуотиро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфт, мавсуф пайи иҷрои вазифаҳои хидматӣ аст.
“Раиси Хадамоти алоқа дар ҳоли ҳозир дар сафари корӣ қарор дорад. Ӯ ҳамеша миёни коргарон ва дараш боз аст”, - гуфт Илҳомҷон Атоев.
Адами ҳузури Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон яке аз суолҳоест, ки чанд сол ба ин сӯ дар нишастҳои матбуотӣ бо масъулини ин ниҳод матраҳ мешавад. Далели ба миён омадани ин суол ҳам ин аст, ки раиси Хадамоти алоқа дар қиёс бо дигар раҳбарони вазорату кумитаҳои ҳукумати Тоҷикистон дар нишастҳои матбуотӣ ширкат намекунад ва бино ба иттилои расонаҳо, бо тиҷорату корҳои хоҷагидорӣ машғул аст.
“Фоизҳои ҳисобношуда”: зӯри Агентии зиддиинҳисорӣ ва Хадамоти алоқа ба кӣ намерасад?
Бег Сабур соли 2006 муовини аввал ва 28 феврали соли 2011 раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуда, то ба ҳол дар ин симат кор мекунад. Дар оғози фаъолияташ ӯ дар нишастҳои матбуотии Хадамоти алоқа ширкат карда, изҳороти ҷолиберо ироа мекард, ки ӯро дар сархати ахбори расонаҳо қарор медод.
Аз ҷумла соли 2012 ӯ сабаби қатъ шудани алоқаи телефонӣ ва интернет дар Бадахшонро “асобати тири шикорчӣ ба ноқил” арзёбӣ карда буд. Ё соле қабл ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки китобҳои Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти навини тоҷик, аз ҷумла “Марги судхӯр”, намунаи барҷастаи “тиҷорати қавӣ” мебошанд.
Хадамоти алоқа гуфт, чаро нархи интернет гарону суръаташ суст аст
Ба эҳтимоли қавӣ, изҳороте аз ин гуна ва он ҳам аз сӯи раҳбари як ниҳоди ҳукуматӣ мӯҷиби ҳузур наёфтанаш дар нишастҳои матбуотӣ шудааст.