Писари блогери машҳур аз зарби қувваи барқи телефон дар ванна ҳалок шуд

Дар муроҷиатномаи худ, блогери машҳур аз волидон даъват кард, ки нагузоранд, то фарзандонашон бо телефон ба ванна дароянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Писари блогери машҳур Анастасия Сосновская дар паи ҳодисаи нохуш дар ванна ба ҳалокат расид.

Дар ин бора блогер дар саҳифааш дар Instagram хабар дод.

Ба гуфти блогер ин ҳодисаи фоҷиабор ҳанӯз 10 январ рух дода буд. Кӯдак аз зарби телефон, ки ба қувваи барқ пайваст буд, ба ҳалокат расид.

"Ин зарбаи қувваи барқ буд. Дар ванна. Аз телефони дар барқ буда. Айфони хурди 4S, ки бо барқ пайваст буд, лаҳзае ба шикамаш афтод. Писарам дарҳол телефонро ба фарш партофт, вале аллакай дер шуда буд", - навиштааст Сосновская.

Хабар дода мешавад, ки табибон кӯшиш кардаанд, дар давоми 40 дақиқа кӯдакро ба ҳуш биёранд, вале бе натиҷа. 

Ҳалокати муҳоҷири 23 солаи тоҷик бар асари зарбаи шадиди барқ дар Петербург

Дар муроҷиатномаи худ, блогери машҳур аз волидон хоҳиш карда, ки ба фарзандонашон истифодаи телефонро дар ванна иҷоза надиҳанд ва ин фоҷиаи хонаводаи онҳоро ба дигарон нақл кунанд, то ҷони дигарон дар амон бошад.

Анастасия Сосновская дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳунар нақл мекунад. Ӯ дар саҳифааш дар Instagram беш аз 140 ҳазор ҳамванд дорад.

Ёдрас мешавем, ки пештар низ як мудели ҷавони 24 - сола дар Архангелск дар чунин ҳолат ҷон аз даст дод. Ӯ низ зимни шустушӯ дар ванна бо телефонаш, ки ба барқ пайваст буд, сару кор гирифтааст ва зарбаи барқ  боиси марги ӯ шудааст.