Дар Ӯзбекистон нахустин гирифтори навъи "бритониёӣ"-и COVID-19 ошкор шуд - видео

Вирус дар як сокини Тошканд, соли таваллудаш 2010, ки рӯзи 23 январ бо оилааш аз Дубай баргашт, ошкор карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Дар Ӯзбекистон аввалин ҳолати сироят бо навъи "бритониёӣ" -и коронавирус муайян карда шуд. Дар ин бора аз қавли сардори Хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустӣ, Баходур Юсупалиев саҳифаи Telegram-и Вазорати тандурустӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар духтари даҳсолае, ки рӯзи 23 январ бо оилааш аз Дубай баргашт, навъи нави COVID-19 кашф шудааст.

"Ҳангоми санҷиш дар фурудгоҳи байналмилалӣ бо усули экспресс, озмоиш барои коронавирус натиҷаи мусбат дод. Пас аз ин, бемор фавран тавассути ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи сироятӣ интиқол дода шуд. Худи ҳамон рӯз, вайро дар беморхона муоина карданд, ки дар ӯ намуди бенишонии COVID-19 кашф шуд ", - омадааст дар хабар.

Олим гуфт, коронавируси бритониёӣ чӣ хатар дорад

Ёдовар мешавем, оид ба пайдо шудани як навъи нави коронавирус  SARS-CoV-2 дар Бритониёи Кабир маълум шуд.

Баъдтар Шӯрои машваратии Бритониё оид ба таҳдидҳои вирусҳо, пайдоиши навъи нави коронавирусро  тасдиқ кард, ки он бо суръати тезтар паҳн шуда истодааст ва аз аҳолӣ эҳтиёткории бештарро талаб мекунад.

Олимон қайд мекунанд, ки сироятёбӣ аз коронавируси навъи бритониёӣ 70% зиёдтар аст. Ҳамзамон, коршиносон ҳанӯз далеле надоранд, ки эҳтимолияти марг пас аз бемор шудан бо ин навъи коронавирус афзоиш ёфтааст ё не.

Дар бораи он ки вирус дар Бритониё чигуна пайдо шуд ва оё аз берун ворид гардид, то ҳол маълумоте нест.

Дар ҳамин ҳол, СУТ саросемавор изҳор доштааст, ки ин намуди вирус хатарзо нест, аммо метавонад сироятноктар аз пештараш бошад.