Муштзани тоҷик Сангинов Лаваллеро шикаст дод - навори ҷолиби рақобат

Муштзани шинохтаи тоҷик Меҳрубон Сангинов унвони қаҳрамонии WBA NABA-ро дар вазни сабук ба даст овард
Sputnik

Дар Майами, дар ҷанубу шарқи Флорида, байни муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов ва Куинси Лаваллеи амрикоӣ рақобат баргузор шуд.

Пирӯзии муштзани шикастнадидаи тоҷик Сангинов бар Лаваллеи амрикоӣ дар Майами-видео

Муборизаи шадид бо пирӯзии Сангинов хотима ёфт. Ҳамин тариқ, ӯ унвони қаҳрамонии WBA NABA-ро дар вазни сабук ба даст овард.
Сангинов дар тӯли карераи муштзаниаш 9 маротиба ба майдон баромада 8 пирӯзӣ ва як мусовӣ дорад.

Ягона муборизаи Сангинов бо варзишкори амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ соли 2019 мусовӣ анҷом ёфта буд.
Муштзани шинохтаи кишвар дар рақобати пешинаш низ Мигел Лопесои мексикоиро бо маҳорати зебо шикаст дода буд.

Муштзан аз соли 2016 дар сатҳи касбӣ баромад мекунад. Моҳи сентябри соли 2017, ӯ қаҳрамони ҷаҳонии WBC шуд.Аз соли 2017 Сангинов раиси Федератсияи бокс дар Душанбе мебошад.