Рост: Таҳмина Раҷабова хабар дод, ки дар интизори фарзанд аст

Таҳмина Раҷабова, ҳунарманди номии тоҷик, собиқ ровии телевизион хабар дод, ки дар интизори фарзанди дувумаш аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв  — Sputnik. Таҳмина Раҷабова, ки аллакай солҳо мардуми Тоҷикистон ӯро на танҳо чун ровии барномаи иттилоотӣ, балки актрисаи боистеъдод мешиносанд, ба ҳаводоронаш хушхабар расонид.

Ӯ имрӯз дар саҳифаи Инстаграмаш хабар дод, ки дар интизори фарзанди дувумаш аст.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоӣ аксашро гузоштаву дар шарҳи он пеш аз ҳама "бале рост аст, ман ҳомиладорам" навиштааст.

"Барои он рост аст менависам, ки шумо борҳо дар нақшаҳоям ҳомила дидаед", - навиштаву афзудааст, ки ин дафъа "Худованд ба ҷои ӯ тамоми қарорҳоро қабул кард".

"Барои хело ғайричашмдошт буд. Ҳоло дар моҳи нуҳум қарор дорам ва дар интизори мӯъҷизаи хурдакак ҳастам", - қайд кардааст ӯ.

Пештар бонуи ҳунар дар бораи аз ҳамсари аввалаш ҷудо гаштану бори дувум хонадор шуданаш хабар дода буд.

Ӯ гуфта буд, ки бо шавҳари дуюмаш то ҳол ягон фарзанд надоранд ва  пас аз хатми таҳсил, албатта барои ҳамсараш фарзанде ба дунё меоорад.

Марги нобаҳангоми падар, хонавайронӣ ва ишқи нав : ногуфтаҳои Таҳмина Раҷабова - видео

Ҳунарпеша аз  шавҳари аввалаш як писар дошт.

Ёдрас мешавем, Таҳмина Раҷабова соли 2019 ба Донишгоҳи ВГИК-и Маскав дохил шуд ва аввалҳои соли 2020 бо далели пандемия бар қасди Душанбе тарки Маскав кард.