Зодрӯзи Ислом Каримов: Мирзиёев бар пояи муҷассамаи ӯ гулчанбар гузошт

Дар ин маросим намояндагони дастгоҳи президент, аъзои парлумон ва ҳукумат, аҳли илму фарҳанг, ҳамсари президенти аввал - Татяна Каримова ширкат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Агар умр вафо мекард, имрӯз президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов 83-сола мешуд.

Шавкат Мирзиёев ба ифтихори ин сана хотири Ислом Каримовро гиромӣ дошта, ба пояи муҷассамаи ӯ дар Тошканд гулчанбар гузошт. Дар ин бора котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Духтари Ислом Каримов дар бораи сигоркашӣ, қиссаи шикастани пой ва охирон рӯзҳои президент

Дар ин маросим ояҳо аз Қуръони Карим қироат шудаву барои солҳои хидмат ба ватан ва мардум аз Ислом Каримов сипосгузорӣ карда шуд. Ҳозирин садоқати ӯро ба идея ва эътимод ба ояндаи бузурги Ватани худро қайд карданд.

Дар ин маросим намояндагони дастгоҳи президент, аъзои парлумон ва ҳукумат, аҳли илм ва фарҳанг, зиёиёни эҷодкор, ҳамсари президенти аввал - Татяна Каримова ширкат варзиданд.

Гулҳои тару тоза имрӯз ба пояи муҷассамаҳои Ислом Каримов дар Самарқанд ва Қаршӣ низ гузошта шуданд.

Моҳи ноябри соли 2018 Бунёди Ислом Каримов хотираҳои ҳамсари президенти аввали Ӯзбекистонро дар бораи кӯдакии Ислом Каримовро нашр кард.

Ба гуфтаи Татяна Акбаровна, ӯ дар овони кӯдакӣ нархи нони ба даст овардаро мефаҳмид. Пас аз ҷанг ҳама хеле сахт зиндагӣ мекарданд. Оилаашон камбизоат ва оддӣ буд, ки дар қисмати қадимаи шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард.

Ислом Абдуғаниевич ҳангоми ба мактаб рафтан забони русиро намедонист, аммо ба туфайли хислат, истодагарӣ ва азми қавӣ мактабро бо омӯзиши амиқи забони русӣ бо медали тилло хатм кард.