Сухангӯи президенти Қирғизистон бо ҷурми тамаъҷӯӣ боздошт шуд

Дар Қирғизистон сухангӯи президент, ки барои фурӯхтани мансаби калони давлатӣ пора талаб намудааст, боздошт гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти милли Қирғизистон аз боздошти сухангӯи президент, Нурғозӣ Анорқулов хабар медиҳад, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам дониста мешавад.

"Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон далели тамаъҷӯии ришваро ба миқдори махсусан калон аз ҷониби мудири шӯъбаи сиёсати иттилоотии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ошкор кард", - омадааст дар хабар.

Муқаррар карда шуд, ки сухангӯи кишвардор бо сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва барои ғанигардонии моддиёти шахсии худ, аз як довталаби мансабҳои роҳбарикунандаи давлатӣ барои қабули қарори мусбӣ дар мавриди таъйин шудани ӯ, ба миқдори махсусан калон пул тамаъ намудааст.

Сарвазири собиқи Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев боздошт шуд

Гуфта мешавад, дар асоси ҷинояти пешбининамудаи моддаи 326 "Тамаъи пора" -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон, мурофиаи пешакӣ оғоз ёфтааст.

Барои фасодкорию сӯистифодаи мансаб: собиқ роҳбари Кумитаи амнияти Қирғизистон боздошт шуд

Манбаъ меафзояд, номбурда аллакай маротиба дуюм мешавад, ки барои тамаъҷӯӣ боздошт мешавад.

Қаблан, Анарқулов соли 2012, ки он замон сармуҳаррири яке аз рӯзномаҳо буд, як сокини шаҳри Бишкекро бо нашр намудани маводи айбдоркунанда таҳдид карда, аз ӯ маблағ тамаъ намуда буд.

Нурғозӣ Анарқулов 30 октябри соли гузашта роҳбари хадамоти матбуоти сарвари давлат таъйин гардид.