БДА зимни амалиёти "Истгоҳ" 15 ронандаи қоидашиканро ошкор кард

Ин ронандаҳо автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф менамуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД-и шаҳри Душанбе дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт амалиёти "Истгоҳ" пиёда намуданд.

Амалиёти махсус баъди ҳушдори Зувайдзода барои берун кардани нозирони БДА аз Душанбе

Ба иттилои котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе, мақсади пиёда намудани амалиёти мазкур, ин бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва ошкор кардани таваққуфи нодурусти ронандагон мебошад.

БДА дар роҳҳои Тоҷикистон амалиёти "Бачаҳо"- ро пиёда мекунад

Манбаъ меафзояд, дар рафти баргузории амалиёти мазкур муайян карда шуд, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ҳамоно ронандагон  дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар қатори дуюму сеюм ва дохил ё наздикии истгоҳҳои дохилишаҳрӣ ба таври нодуруст таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.

Гуфта мешавад, ин омил боиси ба миён омадани беназмӣ дар ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва норозигии шаҳрвандону иштирокчиёни ҳаракати роҳ гардидааст.

"Кормандони бозрасӣ он ронандагоне, ки ба чунин қоидавайронкунӣ роҳ додаанд нисбаташон бо моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои дар оянда дигар такрор накардан огоҳонида шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

РВУД дар шаҳри Душанбе аксҳои 15 ронандаро нашр намуда, аз дигар соҳибони мошинҳо хоҳиш мекунад, ки талаботҳои Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ба таври пуррагӣ риоя намоянд, дар акси ҳол ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.