Ваксинаи сохти Русия ҳалол аст ё ҳаром? муфтиёт хостори санҷиш шуд

Муфтиёти Тотористон аз таҳиягарони ваксинаи "Спутник V" и "ЭпиВакКорона" талаб намудааст, ки таркиби асосии ин ду ваксинаро ифшо кунанд, то ҳалол будан ё набудани он дақиқ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 январ - Sputnik. Ирек Зиганшин, роҳбари кумитаи стандарти "Ҳалол" мегӯяд, ваксинаҳои сохти Русияро бояд барои муайян кардани ҳалолӣ аз санҷиш гузаронд, хабар додааст РИА Новости.

"Мо мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки ваксинаҳо барои одамон, минҷумла пайравони дини Ислом судманд ҳастанд ва ба талаботи ҳалол будан ҷавобгӯ мебошанд", - изҳор доштааст ӯ.

Номбурда таъкид намудаст, ки дар Русия ҳудуди 25 миллион мусалмон ба сар мебарад ва Тотористон яке аз минтақаҳои бузурги мусалмоннишин дар кишвар ба ҳисоб меравад. 

Дар Иёлоти Муттаҳида, табибе пас аз гирифтани ваксина алайҳи коронавирус фавтид

Намояндаи Раёсати мусалмонони Русия қайд кард, ки диндорон дар дигар кишварҳо низ аз рӯи ҳамин принсип амал мекунанд. Ба исрори ӯ дар Индонезия ва Малайзия моҳи январ таҳиягарони ваксина алайҳи коронавирус шаҳодатномаи ҳалол буданро гирифтанд.

Ҳамзамон, ӯ иқрор кард, ки ваксинаҳои Маркази Гамалея ва Маркази "Вектор" шояд аз озмоиши ҳалол нагузаранд.

"Агар, масалан, желатини хук ҳангоми истеҳсол истифода шуда бошад, вале он дар худи ваксинае, ки ба бадани одамон ворид мекунанд, мавҷуд набошад, пас ин низ ҳалолияти онро зери шубҳа мебарад. Зеро ҳар он чизе, ки ба хук марбут аст, истифодаи он қатъиян манъ мебошад", - шарҳ додааст Зиганшин.

Аз "ЭпиВакКорона" чиро интизор шуд: маълумоти дар бораи ваксинаҳои пептидӣ

Рӯҳонӣ ҳамчунин илова намудаст, ки агар дар таркиби ваксина ҷузъҳои барои мусалмонон мамнӯъ мавҷуд бошад, пас шӯрои уламои Раёсати мусалмонони Русия баргузор мешавад. Ва маҳз Шӯро тасмим мегирад, ки оё дар ин ҳолат мусалмонон метавонанд бо ин ваксина эм шаванд ё на.

Ӯ илова кард, ки фатвои содиркардаи онҳо дар тамоми қаламрави Русия эътибор пайдо мекунад.