Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.