Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро эълон кард

Рутбаи Тоҷикистон аз нигоҳи вуҷуди ришвахорӣ дар охирин радабандии ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 бетағйир боқӣ монд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.

Боздошти мансабдори ҳукумати Бохтар: 80 ҳазор сомонии Собировро гирифту Ҳаҷ нафиристод

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.

Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи Нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.

Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони Ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.