Ҳадаф поёни ҷанг дар Афғонистон: музокироти Эрон бо намояндагони Толибон дар Теҳрон

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо ҳайати сиёсии "Толибон" дар Теҳрон таъкид кард, ки роҳбурди Амрико дар Афғонистон идомаи ҷангу хунрезӣ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба гузориши дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Шамхонӣ дар ин дидоре, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шудааст, бо ишора ба собиқаи шарорату ҷангафрӯзии Амрико дар минтақа гуфт, ки ИМА намоиши музокироти сулҳро бо ҳадафи эҷоди бунбаст дар музокироти миёни тарафҳои мухталифи афғонистонӣ дунбол мекунад то онҳоро муқассири ноамнӣ ва бесаботӣ нишон диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳечгоҳ ҷараёнеро, ки бихоҳад бо ҷанг дар Афғонистон ба ҳокимият бирасад, ба расмият нахоҳад шинохт, бар зарурати мушорикати ҳамаи ақвом дар таъйини сарнавишти Афғонистон дар раванде комилан мусолиматомез таъкид кард.

Таъкид бар меҳварияти қонуни асосӣ дар музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон

Шамхонӣ амнияти Афғонистон, ба вижа дар устонҳои ҳаммарз бо Эронро амре ғайриқобили чашмпӯшӣ барои Эрон донист ва бар ҳамкории Толибон бо давлати Афғонистон барои мубориза бо ҳар гуна ноамнӣ ва муқобила бо таҳаррукоти ДИИШ таъкид кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе эълом кард: "давлати Эрон дар мавриди сафари ҳайати Толибон ба Эрон давлати Афғонистонро огоҳ намуда ва дар ин маврид назариёти давлати Афғонистонро қаблан мутолиба ва дарёфт кардааст".

Бар асоси ин эълом, ҳадаф аз танзими сафари ҳайати Толибон ба Эрон ин аст то Эрон, афзун бар шарҳи дидгоҳҳои худ, "Толибон" - ро дар мавриди иҷмоъи минтақаӣ дар бораи таъмини оташбаси фаврӣ, дастёбӣ ба як тавофуқи ҷомеъи сулҳ дар чорчӯби низоми ҷумҳурӣ ва ҳифзи арзишҳои қонӯни асосии Афғонистон, огоҳ созад.

Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳамчунин таъкид кард, Эрон мехоҳад итминон ҳосил кунад, ки Афғонистон пасомунозиа бори дигар ба пойгоҳи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил нахоҳад шуд ва ҳамчун маркази иттифоқ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.