Муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон барои 14-сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал демкоратии Тоҷикистон ва яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро барои 14-сол равонаи зиндон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ҳукми Маҳмурод Одинаев имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ содир шуд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов хабар дод.

Намояндагони давлатро таҳдид кард: шарҳи Прокуратураи генералӣ аз боздошти Одинаев

Гуфта шудааст, ки додго Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ҳукми додгоҳро напазируфт.

Ҳамзамон, писараш Одинаев Ҳабибулло Ризоевро додгоҳ ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Ӯ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро инкор кардааст.

Шокирҷон Ҳакимов таъкид дошт, ки мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифт ва намояндагони ҳизб имкони ҳузур дар ин мурофиа надоштанд.

“Боиси таасуф аст, ки мурофиаи додгоҳии Маҳмурод Одинаев дирӯз оғоз шуду имрӯз тамом шуд. 14 сол ин муҳлати бисёр зиёд аст”, - гуфт Шокирҷон Ҳакимов.  

Ёдрас мешавем, ки Маҳмурод Одинаевро санаи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд.

Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони "авбошӣ" парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.

Мақомот  ӯро ба он муттаҳам карданд, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2020 бо ҳамсари собиқаш Меҳрнигор Ризоева ва писараш Ҳабибулло Одинаев дар комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор "тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст".

Маҳмурод Одинаев он замон иддао дошт, ки баръакс кормандони комиссариати ҳарбӣ писарашро ки суст мебинад мехостанд маҷбурран ба артиш ҷалб намоянд.