ДУШАНБЕ, 27 январ - Sputnik. Котиби матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон Эмомалӣ Мирзо дар муколама бо Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод, ки чӣ гуна кишвар тавонистааст бо пандемияи коронавирус мубориза барад.
"Коронавирус ба Тоҷикистон нисбат ба дигарон дертар омад. То ин вақт тамоми муассисаҳои тиббӣ омода буданд ва чораҳои қатъии санитарию эпидемиологӣ ҷорӣ карда шуданд", - гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ.
Мирзо илова кард, ки дар тамоми фурудгоҳҳо ва дар ҳама нуқтаҳои марзӣ дастгоҳҳои махсуси муаянсозӣ насб карда шудаанд.
Ғайр аз он, ҳамаи онҳое, ки бо гумони коронавирус аз хориҷ омаданд, ба карантин фиристода шуданд, чорабиниҳо, дарсҳо дар мактабҳо, донишгоҳҳо манъ карда шуданд, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, масҷидҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баста шуданд.
Ғайр аз вокуниши саривақтӣ ба таҳдидҳои пандемия, Тоҷикистон мунтазам вохӯриҳои намояндагони соҳаи тандурустиро баргузор намуда, ҳар нафареро, ки бо бемории гумонбаршудаи COVID-19 дар беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд, санҷидааст.
"Аз замони таъсиси Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ҳамарӯза соати 08:00, 17:00 ва нисфи шаб бо иштироки тамоми сардухтурони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳои онлайнӣ баргузор карда шуданд. Ҳар рӯз онҳо дар бораи вазъ хабар медоанод. Чанд нафарро муоина карданд, чанд гумонбар аз ташхиси коронавирус гузаронида шуданд", - гуфт намояндаи Вазорати тандурустӣ.
Инчунин дар Тоҷикистон, ҳангоми пандемия 11 озмоишгоҳ ва беморхонаҳои махсус кушода шуданд, ки кори онҳо, аз ҷумла бо кӯмаки ТУТ ва Роспотребнадзор таъсис дода шудааст.
Ҷаҳон дар доми COVID-19: гирифторони ин беморӣ аз 100 миллион гузашт
Муҳимтар аз ҳама, ба гуфтаи Эмомалӣ Мирзо, он аст, ки дар Тоҷикистон ваҳму ҳарос аз ин беморӣ нест шуд.