Назризода бо вазири Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Киев бо Сергей Шкарлет, вазири маориф ва илми Украина густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Назризода бо Шкарлет ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуд.

Зокирзода гуфт, имконоти истифоданашудаи ҳамкории Тоҷикистону Украина зиёданд

Ҷонибҳо инчунин Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украинаро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ кардаанд. Омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будааст.

Назризода ва Шкарлет имкони ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд, то имкониятҳои маорифи Украина муаррифӣ шаванд.

Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Назризода моҳи қабл ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон эътимодномаашро ба президенти Украина, Владимир Зеленский супурд. Дар маросими супоридани эътимоднома ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тирамоҳи соли гузашта Холбобоев Файзулло Самадовичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод карда, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдарро, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин намуд.