ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои ғарбии вилоят туман мефарояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 26-31 ва рӯзона 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 11-16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Тавсияҳои КҲФ ба ронандагону пиёдагардон дар рӯзҳои яхбандиву меғфароӣ
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Туман мефарояд. Ҳаво шабона 5-7 дараҷа хунук ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.