Кушиши Аврупо барои ҳифзи муносибат бо Русия ва ояндаи худ

Чанде пеш мақомоти Италия эълом дошт, ки омодааст дар робита ба парвандаи Алексей Навалний ҷорӣ намудинаи таҳримҳои ҷадид бар Русияро баррасӣ намояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik, Ирина Алкснис. Чанде пеш Фаронса , Лаҳистон, Чехия ва дигар кишварҳои аврупоӣ аз ҷори намудани "таҳримҳои таъсиррасон" алайҳи Маскав низ ҷонибдорӣ карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран ҳатто Вазорати хориҷаи Чехия сафири Русияро ба вазорат даъват карда буд.

Аммо бо ҳамин вақте ки пас аз мулоқоти вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо, роҳбари дипломатияи аврупоӣ Жосеп Боррел гуфт, ки ҳеҷ пешниҳоди мушаххасе дар бораи тадбирҳои нав бар зидди Русия пешниҳод нашудааст, шавқу завқ ба ин масъала ба анҷом расид.

Посухи Путин ба филми Навалний: қаср ба ман рабте надорад

Ин ҳолати нороҳаткунандаро кӯшиш кард вазири умури хориҷии Словакия шарҳ диҳад. Ба гуфтаи ӯ, "Иттиҳодияи Аврупо ният дорад исбот кунад, ки намехоҳад танҳо ба сиёсати таҳримоти бепоён такя кунад", - Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад "ҷараёни суди одил (дар робита бо блогер) такя намояд".  Инчунин, Иван Корчок ёдрас шуд, ки пас аз даҳ рӯз, яъне 5 феврал, Жосеп Боррел барои мулоқот бо Сергей Лавров ба Маскав сафар дорад. Ба гуфтаи ин сиёсатмадори словакӣ дар гуфтугӯи Жосеп Боррел бо Сергей Лавров ин мавзӯъ бояд дар мадди аввал бошад.

Агар аз забони дипломатӣ тарҷума намем, ин маънеи онро дорад, ки  Иттиҳоди Аврупо дар шиддати ин масъала бо Маскав ақибнишинӣ кард.

Аммо, далелҳои пешниҳодшуда чандон қобили қабул нестанд. Дар ҳафт сол - аллакай аз муқовимат Аврупо бо Русия ҳафт сол сипарӣ шуд, (дар маҷмӯъ бо тамоми кишварҳои Ғарб), ҳеҷ гоҳ кишварҳои аврупоӣ ин қадар ақибнишинӣ намекарданд ва ба сӯи Маскав ногаҳон ишораҳои некбинона намефиристоданд. Худи таҳримҳо кайҳо аст, ки ба маросими холие табдил ёфтааст,  вақте ки маҳдудиятҳои кӯҳна тамдид меёбанду, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда мешаванд ва ин раванд на ба муносибатҳои дуҷониба ва на ба лоиҳаҳои муштарак таъсире намерасонад.

Табиист, ки саволе ба миён меояд: воқеан паси қадами ғайричашмдошти Иттиҳодияи Аврупо чӣ меистад?

Ҷавоби ин суол дар мавқеи номатлуби Маскав бар Аврупо аст.

Хусусияти хоси найрангбозӣ бо Навалний дар он аст, ки он бо ташаббус ва бозии Олмон ва бо дастгирии фаъолонаи Иттиҳодияи Аврупо сурат гирифт.

Шурӯъ аз солҳои 2016-2017, ваҳдати Ғарб вобаста ба сиёсат бар Русия шакли  расмиётӣ гирифт, ки дар он ИА аз сиёсати пешнгирифтаи Амрико ва Британиё пайравӣ мекард.

Лавров оид ба таҳримоти ИА дар робита ба Навалний алайҳи Русия: беҷавоб нахоҳад монд

Маҳз Вашингтон ва Лондон ташкилкунандагони касифтарин амалиёт бар зидди Русия буданд. Аммо Аврупо ба хотири нигоҳдории шарикии трансатлантикӣ иқдомҳои кофии зарурӣ нишон медод, Вале дар асл роҳи барқарор кардани ҳамкорӣ бо Русияро пеш гирифта буд.

Метавон баррасиву баҳс кард, ки Берлин бо роҳандозии як бозии аҷибе дар бораи заҳролудшавии блогер тариқи Новичок, чӣ мақсаде дар пеш гузошта буд. Аммо, аллакай маълум аст, ки миёни онҳо ҷонибдороне буданд, ки мехостанд ба барқарорсозии равобити Аврупо бо Маскав тақвият бахшанд. Роҳеро, ки Олмон бо дастгирии Брюссел ҳоло интихоб кардааст, яъне ба анҷом расонидан ва ба кор андохтани хатилилулаи гази “Маҷрои шимолӣ-2”, аз он шоҳидӣ медиҳад.

Эҳтимоли зиёд дорад, ки Олмон тасмим гирифтааст бо усулҳои таҳиякардаи Бритониё ва Амрико дар парвандаи Скрипалҳо, "ҳамлаи кимиёвӣ" дар Думаи Сурия ва дигар "ҷиноятҳои Кремл” баъзе масоили сиёсии берунаи худро ҳал кунад ва интизор надоштанд, ки ин иқдом оқибатҳои бузурги манфӣ дорад.

Вокуниши тунди Маскав барои онҳо бисёр ногаҳонӣ буд. Бисёр аҷиб аст, зеро он ба осонӣ пешгӯи мешуд.

Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё танҳо мухолифони геополитикии Русия мебошанд, ки бо онҳо шарикии стратегӣ вобастагӣ надорад. Аз ин рӯ Вашингтон ва Лондон дар русбезорӣ фақат бо парвози хаёлот маҳдуд нестанд.

Аммо барои Аврупо ва алахусус барои Олмон ҳамкорӣ бо Русия ҳаётан муҳим аст ва аҳамияти он бо суръат афзоиш меёбад. Дар чунин вазъ, онҳо дар атрофи Навалний боғи тафреҳӣ бо блек-джеку духтарони сабукпой ташкил карданд.

Ва, ба назарам, онҳо самимона ҳайрон шуданд, ки Маскав аз ин кор ба ғазаб омада буд.

Чаро Навалний бо олмониҳо бо “Новичок” бозӣ дорад

Бо омадани роҳбарияти нав ба Кохи Сафед вазъият боз ҳам душвортар шуд, чунки Аврупо ба марҳилаи душвор ва хатарноке, ки мехоҳад аз назорати беруна худро раҳо кунад, ворид шудааст. Аммо бо қиссаи Навалний Аврупо муносибатҳояшро бо Русия хароб кард, ки қаблан Русия ҳаматарафа ИА бо сухан ва ҳам дар самти истиқлолияти геополитикӣ дастгирӣ мекард. Бе кӯмаки Маскав, имкони муваффақияти ин корхона начандон хушбин метобад ва ин раванд метавонад хеле мушкилтару гаронтар бошад.

Тааҷҷубовар нест, ки вазифаи аслӣ барои Аврупо, ки ҳамчун локомотиви ИА ба шумор меравад, барқарорсозии  муносибатҳо бо Русия аст. Ҳамчунин бояд аз рехтани обурӯ як каме ҷилавгирӣ кард - ва ин кор, осон нест, ба хусус бо назардошти он ки сарусадоҳои зиёдро дар атрофи Навалний худи Аврупо мечархонд.

Қарорҳои охирини Брюссел ба ҳалли маҳз ҳамин мушкилот равона шудааст: мавзӯи таҳримҳои нав бо баҳонаи ҷолиб  ба мӯҳлати номуайян мавқуф гузошта шуд ва роҳбари дипломатияи Аврупо барои ҳалли мушкилот бо Маскав созиш хоҳад кард.

Аммо мо бояд дар ёд дошта бошем, ки пеш аз ҳама ин бесарусомониҳо Берлин ба вуҷуд овард. Ба ҳамин хотир, Олмон ҳам бояд барои саҳмгузорӣ дар ин раванд омода бошад.